ҚУРБИ ДОЛЛАР МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзи 9 июл қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир ёфта, 4,43 — 4,45 сомонӣ барои 1 долларро ташкил дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бештари амалиёт бо доллари ИМА бо қурби 4,40 — 4,42 сомонӣ сурат гирифт, ки нисбат ба қурби рӯзи гузашта паст мебошад. Бинобар ин, қурби расмии доллари ИМА 4,4003 сомонӣ муқаррар карда шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро бошад, каме паст гардида, 1,41 ва 6,18 сомониро ташкил дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






