ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ БОЗ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ИНТИХОБ ШУД
Бишкек, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лента.ру).-Тибқи хабарҳои аз Бишкек расида, дар ин ҷо интихоботи президенти Қирғизистон баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои интихобот, Қурмонбек Боқиев 67% овози интизобкунандагонро ба даст оварда, боз президенти ҷумҳурӣ интихоб гардид. Ҳарифони Қ. Боқиев Алмосбек Отамбоев 12,7% ва Темур Сориев 6% овози интихобкунандагонро ба даст оварданд. Шумораи ночизи интихобкунандагон номзадии Жанишбек Назаралиев, Нурлан Мотуев ва Тухтаоим Умедалиеваро дастгирӣ намуданд. Қитъаҳои овоздиҳӣ дар Қирғизистон расо соати 20 баста шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ, дар интихобот бештар аз 70% интихобкунандагон ширкат варзиданд. Тарафдорони номзадҳои мансаби президент А. Отамбоев ва Ж. Назаралиев баъди анҷоми овоздиҳӣ изҳор намуданд, ки намояндагони мақомоти маҳаллӣ барои таъмини ғалабаи Қ. Боқиев ба хилофкориҳои сершумор роҳ доданд. Онҳо натиҷаҳои интихоботро ғайриқонунӣ ҳисобида изҳор намуданд, ки аз иштироки минбаъдаашон дар интихобот даст мекашанд. Вале Комиссияи марказии интихобот онҳоро огоҳ намуд, ки дар марҳалаи анҷоми овоздиҳӣ ҳуқуқи бекор кардани номзадиашонро надоранд. Тарафдорони Отомбоев изҳор намуданд, ки 23 июл дар маркази шаҳри Бишкек маъракаи доманадори эътирозӣ ташкил хоҳанд кард, вале мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳор намуд, ки дар рӯзи интихобот гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои марбут ба овоздиҳӣ манъ карда мешавад.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






