ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ БОЗ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Июль 24, 2009 10:51

                   Бишкек, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лента.ру).-Тибқи хабарҳои аз Бишкек расида, дар ин ҷо интихоботи президенти Қирғизистон баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои интихобот, Қурмонбек Боқиев 67% овози интизобкунандагонро ба даст оварда, боз президенти ҷумҳурӣ интихоб гардид. Ҳарифони Қ. Боқиев Алмосбек Отамбоев 12,7% ва Темур Сориев 6% овози интихобкунандагонро ба даст оварданд. Шумораи ночизи интихобкунандагон номзадии Жанишбек Назаралиев, Нурлан Мотуев ва Тухтаоим Умедалиеваро дастгирӣ намуданд.                   Қитъаҳои овоздиҳӣ дар Қирғизистон расо соати 20 баста шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ, дар интихобот бештар аз 70% интихобкунандагон ширкат варзиданд.                    Тарафдорони номзадҳои мансаби президент А. Отамбоев ва Ж. Назаралиев баъди анҷоми овоздиҳӣ изҳор намуданд, ки намояндагони мақомоти маҳаллӣ барои таъмини ғалабаи Қ. Боқиев ба хилофкориҳои сершумор роҳ доданд. Онҳо натиҷаҳои интихоботро ғайриқонунӣ ҳисобида изҳор намуданд, ки аз иштироки минбаъдаашон дар интихобот даст мекашанд.  Вале Комиссияи марказии интихобот онҳоро огоҳ намуд, ки дар марҳалаи анҷоми овоздиҳӣ ҳуқуқи бекор кардани номзадиашонро надоранд. Тарафдорони Отомбоев изҳор намуданд, ки 23 июл дар маркази шаҳри Бишкек маъракаи доманадори эътирозӣ ташкил хоҳанд кард, вале мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳор намуд, ки дар рӯзи интихобот гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои марбут ба овоздиҳӣ манъ карда мешавад.

Июль 24, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид