«ҲАФТ ПАЙКАР» БА «НОВАЯ ЖИЗНЬ» ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Июль 24, 2009 16:22

                Душанбе, 24 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳисоботи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур, ки 24 июл таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, ки ҳамзамон Раиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд, шунида шуд.                 Доир ба ин масъала роҳбари дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ғаффор Ҷӯраев гузориш дода , гуфт, ки дар ин давра дар 7 муассиса- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастгоҳи марказии бонки «Эсхата», Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктекстил» санҷиш гузаронида шуд.                Санҷишҳо нишон доданд, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ коргузорӣ пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона дар баъзе муассисаҳо дар татбиқи Қонуни забон ва риояи меъёрҳои он бемасъулиятӣ зоҳир гардида, камбудиҳо ба чашм мерасанд. Корпоратсияи «Сомониён» ба ин мисол шуда метавонад, ки коргузорӣ дар он ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин масъала роҳбарону масъулини фурӯшгоҳҳо ва марказҳои савдо хунукназарӣ намуда, ҷиҳати ҳифзи забони давлатӣ ва покизагии он бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Ғ. Ҷӯраев зикр намуд, ки фурӯшгоҳе дар пойтахт номи зебои «Ҳафт пайкар»-ро дошт ба забони русӣ табдили ном карда, «Новая жизнь»-ро гирифтааст.                Дар ҷаласа Раиси Комиссияи татбиқи қонуни забони назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зулайхо Зокирова роҷеъ ба татбиқи Қонуни забон дар ноҳия гузориш дод. З. Зокирова гуфт, ки дар ноҳияи Сомонии пойтахт дар партави бузургдошти Соли забони тоҷикӣ (2008) ва таҷлили сазовори 20-умин солгарди қабули Қонуни забон корҳои шоён дар мавриди покизагӣ ва рушди забони тоҷикӣ ба сомон расонида шуда, 30 кӯчаи шаҳр табдили номҳои тоҷикӣ карданд. Ҳамзамон, аъзои Комиссия барои ислоҳи камбудию норасоиҳо ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ пешниҳодҳои муфид ироа карданд. Дар фарҷом муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ба аъзои Комиссия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар сатҳи баланд ва сазовор ҷашн гирифтании 20-солагии қабули қонуни забони тоҷикиро дар саросари кишвар, бахусус пойтахт фоли неке аз густариши забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ кард.

Июль 24, 2009 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд