ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО БОНКИ РУШДИ ИСЛОМӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 июл дар Душанбе бо муовини раиси Бонки рушди исломӣ Иброҳим Абубакр Сидибой мулоқот кард. Намояндаи Бонки рушди исломӣ баъди мулоқоташ бо Президент барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр намуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ сол то сол вусъат меёбад. Мо зимни сӯҳбат бо Президент имкониятҳои боз ҳам бештари ин ҳамкориро баррасӣ намудем. Тоҷикистон дар фаъолияти бонк саҳми калон мегузорад. Бонки рушди исломӣ дар навбати худ ба Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои соҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиёт, тиҷорат ва ғайра кӯмак мерасонад. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки ба пешрафти соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намоем, гуфт меҳмон. Президент Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки вобаста ба бӯҳрони молиявӣ ҳаҷми воридоти маблағ аз хориҷа ба кишвар хеле коҳиш ёфт. Дар робита интизор меравад, ки қисми зиёди мардикорони тоҷик аз хориҷа ба мамлакат баргарданд. Коршиносони бонк айни ҳол ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил карда, барои бо кор таъмин намудани мардикорон дар худи Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд. Қайд карда шуд, ки барои муайян кардани нақшаҳои мушаххаси хамкорӣ ояндаи наздик гурӯҳи кории бонк ба Тоҷикистон хоҳад омад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






