ҲУКМИ СУДӢ НИСБАТИ АЪЗОЁНИ ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ ӮЗБЕКИСТОН

Июль 31, 2009 12:03

                   Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Коллегияи судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 6 нафар аъзоёни Харакати Исломии Ӯзбекистон ба анҷом расонид.                   Аз рӯи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Розиқов Зиё¬улҳақ, Шайдуллоев Раҳимбек, Одинаев Абулфазл, Муслиҳиддини Обидхон, Оди¬наев Сайвалӣ ва Музаффаров Маҳмадзамон ба ҳайати созмонҳои террористӣ-¬экстремистӣ шомил шуда, аз соли 2001 то соли 2008 ҳамчун аъзоёни фаъоли Ҳа¬ракати Исломии Ӯзбекистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар муҳорибаҳо ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ ва иттиҳодияи коалитсионӣ ширкат варзидаанд. Дар натиҷаи баргузории силсилаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кармандани мақомоти амнияти миллии ҶТ ав¬вали соли 2009 Розиқов Зиёулҳақ, Шайдуллоев Раҳимбек, Одинаев Абулфазл, Муслиҳиддини Обидхон, Одинаев Сайвалӣ ва Музаффаров Маҳмадзамон боз¬дошт гардида, нисбати онҳо ба дастрасии моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.                     Ба ҳукми Коллегияи судии Суди Олии ҶТ Розиқов Зиёулҳақ, Шайдуллоев Раҳимбек, Одинаев Абулфазл, Муслиҳиддини Обидхон, Одинаев Сайвалӣ ба мӯҳ¬лати 8 сол, Музаффаров Маҳмадзамон ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳотии низомаш пурзӯр, аз озодӣ маҳрум карда шуданд.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 31, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд