ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ МУСОБИҚАИ СӮХТОРХОМӮШКУНАНДАГОН

Июль 18, 2009 13:26

                  Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз дар варзишгоҳи таълимии Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторхомӯшкунии шаҳри Душанбе натиҷаҳои мусобиқаи варзишӣ ва касбии муассисаҳои сӯхторхомӯшкунии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои мамлакат ҷамъбаст карда шуд. Аз рӯи ҳисоби умумӣ гурӯҳи сӯхторхомӯшкунандагони Корхонаи алюминий ҷои якум, гурӯҳи сӯхторхомӯшкунандагони рақами 13 — уми шаҳри Турсунзода ҷои дуюм ва гурӯҳи сӯхторхомӯшкунандагони шаҳри Норак ҷои сеюмро ишғол намуданд.                  Аз рӯи ҳисоби шахсӣ корманди гурӯҳи сӯхторхомӯшкунии рақами 18 — уми Корхонаи алюминий Рустам Зоҳидов ғолиб омад.                  Ба ҳамаи ғолибон дар вазъияти ботантана аз номи Раёсати давлатии хадамоти сӯхторхомӯшкунии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуд. Дар маросими супоридани мукофотҳо сардори Раёсати умумии хадамоти давлатии сӯхторхомӯшкунии ВКД Тоҷикистон, полковники хизмати дохилӣ Маҳмадсаид Каримов иштирок намуд.                 Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раёсати давлатии хадамоти сӯхторхомӯшкунии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.                                                                                                          Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 18, 2009 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд