ҶОИ ЗИСТИ 50 ОИЛА ДИГАР КАРДА МЕШАВАД

Июль 7, 2009 10:23

                      Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати аҳолии шаҳри Кӯлоб, шумораи муҳоҷирони ихтиёрии шаҳру ноҳияи Кӯлоб соли ҷорӣ 50 оиларо дар бар мегирад.                      Ба иттилои ҳамин манбаъ, раёсати мазкур, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар 4 ҷамоати ноҳияи Кӯлоб барои оилаҳои дар ҳақиқат ба хонаю ҷой мӯҳтоҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.                       Алҳол аризаи 10 оилаи муҳоҷирони ихтиёрӣ қабул карда шудааст, ки рӯзҳои наздик ба ноҳияи Шаҳритус интиқол дода мешаванд.                       Бояд тазаккур дод, ки муаллимон ва духтурони муҳоҷиратшуда, бо хонаю ҷой таъмин гардонида мешаванд. Барои дигар оилаҳо бошад, замин барои сохтмони манзил ҷудо карда мешавад.                        Дар 6 соли охир аз шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 230 оила ба ноҳияҳои Қумсангир, Н. Хисрав ва шаҳри Турсунзода кӯчонида шудааст.

Июль 7, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад