5598 ДОНИШҶӮ ДАР ДДТТ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Июль 28, 2009 15:59

                 Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Теъдоди умумии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 5598 нафарро ташкил медиҳад,- иттилоъ дода шуд дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.                 Аз ин шумора 4261 нафар дар факултаи тиббӣ, 368 нафар дар факултаи стоматологӣ, 294 нафар дар факултаи фармасевтӣ ва 216 нафар дар факултаи НТҶ таҳсил намудаанд. Аз ин шумора 459 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ва 441 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда мебошанд.                  Ҷамъбасти сессияи тобистона бошад, маълум сохт, ки миқдори донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло сессияро ҷамъбаст кардаанд 976 нафар ё худ 23,6% мебошад.                   Инчунин, тайи шашмоҳи сипаригашта донишҷуёни Донишгоҳ дар як қатор озмунҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва фаннӣ иштирок намудаанд. Аз ҷумла дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ аз рӯи 12 фанҳои озмунӣ иштирок карда, аз фанҳои биология ва химия ҷойҳои 2-юмро ишғол намуданд.

Июль 28, 2009 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд