А.ҚАҲҲОРОВ: «НИСБАТИ МАРГИ ДУХТУР БОБОКАЛОНОВ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БОЗ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенанти милиса Абдураҳим Қаҳҳоров имрӯз барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр кард, ки вазъияти ноҳияи Тавилдара айни ҳол мӯътадил мебошад. Ҷузъу томҳои вазорат тадбирҳои таъҷилии безарар гардондани силоҳбадастонро дар ин ҷо давом медиҳанд. Аз рӯи маълумоти расида, дар ноҳияи мазкур ҳамагӣ се — чор силоҳбадаст боқӣ мондаасту халос. Маҳалли истиқомати онҳо низ маълум карда шудааст. Дар бораи панҷ нафар силоҳбадасти 16 июл дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона кушташуда, хабар дода метавонам, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия буда, бо ҳавопаймои мусофирбар аз Санкт — Петербург ба Тоҷикистон омадаанд. Алҳол гуфтан душвор аст, ки онҳо аъзои кадом созмони террористӣ мебошанд. Ин далел дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда мешавад. Вобаста ба ин воқеа мувофиқи моддаҳои марбут ба «Ғоратгарӣ», «Ташкили дастаҳои мусаллаҳона» ва «Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ» парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд. Мо дар тафтиши ин қазия бо мақомоти корҳои дохилии Русия ҳамкорӣ мекунем. А.Қаҳҳоров зикр кард, ки 16 июл дар мавзеи Ҳавзи Кабуд дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор — 2009» гурӯҳи шахсони номаълум ошкор карда шуд. Онҳо ба талаботи қонунии кормандони мақомоти муҳофизи қонун итоат накарда, ғайричашмдошт ба хизматчиёни ҳарбии дар посгоҳбуда ҳуҷум оварданд. Дар ин маврид задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Дар натиҷа ду хизматчии ҳарбии мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд. Силоҳбадастон дар натиҷаи ҳуҷуми қатъии кормандони мақомоти муҳофизи қонун ақиб нишаста, маҳалли задухӯрдро тарк намуданд. Дар ҷараёни таъқиби онҳо панҷ шаҳрванди хориҷӣ кушта шуд. Вазири корҳои дохилӣ дар мавриди ҳалок гардидани вазири собиқи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон Мирзо Зиёев чунин изҳор намуд: «М.Зиёев ва панҷ нафар тарафдоронаш дар ҷараёни амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таслим шуданд. Зиёев ихтиёран розӣ шуд, ки маҳалли нигоҳ доштани аслиҳаро нишон диҳад ва силоҳбадастони боқимондаро розӣ кунонад, ки тарки аслиҳа намуда, ба гуфтушунид розӣ шаванд. Дар ҳамин лаҳза байни худи силоҳбадастон задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Дар ҷараёни задухӯрд М.Зиёев ба ҳалокат расид. Имрӯз гуфта наметавонам, ки ба сӯи М.Зиёев кӣ оташ кушодааст. Парвандаи ҷиноии вобаста ба ҳалокати М.Зиёевро прокуратураи ҳарбӣ тафтиш мекунад». А.Қаҳҳоров дар хусуси воқеаи нохуши бо мудири шӯъбаи қабули Маркази ҷумҳуриявии табобати саратон, Хуршед Бобокалонови 33 — сола рухдода зикр кард, ки дар ин хусус аз рӯи моддаи «Куштор дар натиҷаи беэҳтиётӣ» маҳз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мувофиқи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад. «Мо ҳеҷ касро ҳимоя карданӣ нестем. Ҳар кас гуноҳ содир карда бошад, мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад. Масъалаи муҳимтарини имрӯза ҳифзи ҳаёти инсон мебошад», — гуфт А.Қаҳҳоров. Вазири корҳои дохилӣ изҳор намуд, ки кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот аз аввали сол 33 ҷиноят содир карданд, дар натиҷа 31 корманди милиса ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Дар давоми шаш моҳи гузашта дар саросари мамлакат 6806 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 1438 — тои он ҷинояти вазнин мебошад. Дар ин муддат 355 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор фош гардид. Кормандони вазорат дар давоми ним соли гузашта як тоннаю 509 килограмм маводи нашъадор, 743 мил аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла, 132 автомат, 86 туфангча, 109 милтиқ ва карабин, 83 мил аслиҳаи кӯтоҳмил ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангиро мусодира намуданд. Қайд карда шуд, ки баъди 2 декабри соли 1994 дар қаламрави ҷумҳурӣ 31 ҳазору 510 мил аслиҳа мусодира карда шуд.Тарҷумон — Қудратов А.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






