«АМОНАТБОНК» НАФАҚАРО БО КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ МЕПАРДОЗАД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). 15 июл ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар нимсолаи аввали соли 2009 ва нақшаву дурнамои он барои нимсолаи дуюм баргузор гардид. Раиси Раёсати «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаи сохторҳои бонк маълумот дода, фаъолияти шашмоҳаи бонкро хуб арзёбӣ кард. М. Маҳмадаминов аз баъзе камбудиҳои дар фаъолияти бонк ҷойдошта изҳори нигаронӣ карда, тазаккур дод, ки норасоиҳои мавҷуда дар фаъолияти рӯзмарраи муассисаҳои бонк монеа ба пешравӣ ва саривақт иҷро намудани ӯҳдадориҳои он мегарданд. «Яке аз масъалаҳои ҳалталаби хизматрасониҳои бонк ин пардохти нафақа мебошад. Ин самти фаъолияти бонк бо сабаби ҳанӯз ҳам бо шакл ва усулҳои пешинаи пардохт амалӣ гаштанаш, дар бисёр мавридҳо проблемаҳои ҷиддиро рӯи кор меорад. Аз ин рӯ, Раёсати бонк баҳри дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии мазкур аз усулҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ, истифода карданро зарур мешуморад», — идома дод раиси бонк. М. Маҳмадаминов иттилоъ дод, ки Раёсати БДА «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли равон барои пардохти нафақа хизматрасонии кортҳои пластикиро роҳандозӣ кунад. Зеро, маҳз ҷорӣ намудани ин тарзи нав ва замонавии пардохт шафофият ва саривақт пардохт гаштани нафақаи аҳолиро ҳамаҷониба таъмин менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти иттилоот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






