АСИРОНИ ҲАРБИИ ҶОПОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Июль 3, 2009 11:23

                  Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Фарғона. Ру).- 60 сол пеш гурӯҳи охирини асирони ҳарбии ҷопонӣ Тоҷикистонро тарк карда буд, вале дар Тоҷикистон ҳанӯз одамоне ҳастанд, ки чи гуна ба Тоҷикистон овардани асирони ҳарбии ҷопониро дар хотир доранд. Муаллифи ин сатрҳо барои навиштани мақола дар бораи асирони ҳарбии ҷопонӣ ба деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен рафт. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, асирони ҳарбии ҷопонӣ асосан дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, дар сохтмони НБО «Фарҳод» кор мекарданд. Алоқачии телефон Александр Зубов низ ҳамон солҳо дар ҳамин деҳа дар яке аз қитъаҳои сохтмони НБО «Фарҳод» кор мекард. Вай дар хотир дорад, ки сардори сохтмони нерӯгоҳ Александр Саркисов ва сардорони бригадаҳои он Моисеев ва Полковников буданд.                А. Зубов нақл мекунад, ки асирони ҳарбии ҷопонӣ аз миёнаҳои моҳи август ба ноҳияи Спитамен оварда шуда буданд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар давоми қариб яку ним моҳ ба ин ҷо фиристода мешуданд. Асирони ҳарбӣ биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ, корхонаҳо ва роҳҳо сохта, дар сохтмони сарбанди нерӯгоҳ ширкат варзида, хатҳои интиқоли барқ месохтанд, онҳо инчунин дар корхонаҳо кор мекарданд. Мӯҳлати хизмати асирони ҳарбии ҷопонӣ дар Тоҷикистон мисли асирони ҳарбии немис солҳои дароз тӯл кашид.               А.Зубов нақл кард, ки шумораи асирони ҳарбии ҷопонӣ қариб 5 ҳазор нафар буд. Дар байни онҳо афсарону аскарон бисёр буданд. Асирони ҳарбии ҷопонӣ дар маҳалли сохтмони НБО-и хурд зиндагӣ мекарданд. Хобгоҳи онҳо дар деҳаи Ширин воқеъ буд. Дар ҳамин ҷо асирони ҳарбии олмонӣ низ кору зиндагӣ мекарданд. Имрӯз ҳеҷ кас намедонад, ки шумораи асирони ҳарбии олмонӣ чанд нафар буд.                   Немисҳоро баъди мӯҳлати муайян ба корхонаҳо ва сохтмонҳои дигар мефиристоданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, немисҳоро дар сохтмони «Шаҳраки махфӣ», яъне шаҳри саноатии Табошар истифода мебурданд. Онҳо асосан дар кони уран кор мекарданд.                 Асирони ҳарбии ҷопонӣ аз 25 то 45 сола буда, фидокорона меҳнат мекарданд, ба хотир меорад Александр Зубови 82-сола. Онҳо дар деҳаи Сангистони ноҳияи Спитамен кор мекарданд. Асирони ҳарбӣ аз кӯҳи наздикии деҳаи мазкур санг кашонда, онро барои сохтани деворҳои сарбанди НБО «Фарҳод» истифода мебурданд. Он солҳо ягон намуди техникаи сангшикан вуҷуд надошт. Асирони ҳарбӣ сангро ба воситаи путк шикаста, онро бо ароба ба минтақаи сохтмони нерӯгоҳ мекашонданд.                Ба асирон хӯроки хуб дода мешуд. Ба қавли А. Зубов, махсус барои асирони ҳарбӣ аз Ҷопон моҳии тару тоза фиристода мешуд. Ҳар рӯз ба онҳо 600 грам нони буханка ва ҳар ҳафта 2 килограмм ярма ва 1 килограмм равғани маска дода мешуд. Колхозу совхозҳои ноҳия онҳоро бо сабзавоту меваи тару тоза таъмин мекарданд.                 Ба қавли шоҳидон, занони руси маҳаллӣ бисёр вақт ба асирони ҳарбии ҷопонӣ ба шавҳар мебаромаданд. Ҷопониҳо пули бисёр доштанд ва ҳар чизи дилхоҳашонро мехариданд. Онҳо нони буханка, ярма ва равғанро бо ширу ҷурғот, нон ва маҳсулоти дигари хӯрока иваз мекарданд. Занони маҳаллӣ ҳар рӯз ширу ҷурғоти худро дар зери девори сарбанди нерӯгоҳ монда, ба ивази он пулҳои дар ҳамин ҷо гузоштаи ҷопониҳоро гирифта мерафтанд. Бояд гуфт, ки аҳолии маҳаллӣ бо асирони ҳарбии ҷопонӣ муносибати хайрхоҳона дошт. Бо вуҷуди ин баъзе ҷопониҳо ба шароити вазнини асорат тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезаданд. Онҳо бисёр вақт худро аз болои девори сарбанд ба поён партофта, ё бо корд рагҳои хунгарди бадани худро мебуриданд.                 — Ман соли 1945 аз ҷанг баргашта, дар сохтмони нерӯгоҳ посбон таъин шудам, — нақл мекунад шоҳиди дигари воқеаҳои давраи баъдиҷангӣ Абдураҳим Мирбобоеви 90-сола.- Ҳамон вақт сохтмони НБО «Фарҳод» бо ҷӯшу хурӯш давом дошт. Дар сохтмони он корҳои душвортарин ва масъулиятноктарин ба зиммаи асирони ҳарбии ҷопонӣ гузошта шуда буд. Ҷопониҳо одамони боақлу эҷодкор буда, чи будани фиребро намедонистанд, онҳо ҳар гуна корро бо сифати хуб ва софдилона иҷро мекарданд. Асирон ғайр аз сохтмони сарбанди нерӯгоҳ ва мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Сир, дар сохтмони туннелҳои обгурез кор мекарданд. Онҳо деҳаҳои Саидқӯрғон, Фармонқӯрғон, Оқтеппа, Қӯруқ ва ғайраро, ки мебоист дар натиҷаи сохтани нерӯгоҳ зери об мемонданд, аз хавфи зери об мондан наҷот доданд.                 — Ҷопониҳо дар давоми моҳҳои августу сентябри соли 1945 ба деҳаи Сарбанд омада, дар ин ҷо то аввали солҳои панҷоҳум кор карданд,- нақл мекунад Абдураҳим Мирбобоев.- Дар ин муддат чандин маротиба ҳунарпешагони номии Тоҷикистону Ўзбекистон ба назди онҳо омада, консерт медоданд. Дар хотирам ҳаст, ки боре гурӯҳи калони овозхонон таҳти роҳбарии Тамарахонум ба ин ҷо омада буд. Вақти гусели асирони ҳарбии ҷопон низ ҳунарпешагонро даъват карда буданд. Аҳолии маҳаллӣ асирони ҳарбиро таҳти садои мусиқӣ то истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан гусел карда буд. Ҳамаи ҷопониҳо- яке аз шодию хурсандии бозгашт ба ватан, дигаре аз ғами он ки бисёр ҳамсафонашон то рӯзи озодӣ нарасиданд, ашк мерехтанд. Бояд гуфт, ки ҳамон солҳо баъзе асирони ҳарбии ҷопонӣ дар ин ҷо хонадор шуда буданд. Онҳо дар истгоҳи роҳи оҳан бо ҳамсаронашон ашкрезон видоъ мекарданд, зеро ба занон иҷозат дода намешуд, ки ҳамроҳи шавҳаронашон ба Ҷопон раванд.                 Маълум нест, ки дар деҳаи Сарбанд чанд нафар асири ҷопонӣ давн карда шудааст. Сардори шӯъбаи ҳабсхонаҳои ВКД ИҶСШ Буланов соли 1958 ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мактуб фиристода, талаб карда буд, ки қабристони асирони ҳарбии ҷопонӣ бояд фавран барҳам дода шавад. Дар мактуб аз ҷумла навишта шуда буд: «Зимни барҳам додани қабристон ҳамаи гӯрҳо бояд ба замин ҳамвор карда, панҷараҳо ва навиштаҷоти болои қабрҳо несту нобуд карда шаванд. Замини қабристон мувофиқи ҳуҷҷатҳои дахлдор ба ихтиёри истифодабарандагони замин — колхозу совхозҳо ва хоҷагиҳои дигар дода шавад».                — Ба фикри ман, ҷопониҳо мурдаҳояшонро дар хохили истоқоматгоҳашон, дар минтақаи нерӯгоҳи хурди барқӣ мегуронданд,- мегӯяд Александр Зубов, вале аҳолии маллӣ дар ин бора ягон маълумот надошт, бо фармони Сталин ҳамаи ин чизҳо махфӣ нигоҳ дошта мешуд.                 Ба ақидаи журналисти маҳаллӣ Равшан Қосимов, истиқоматгоҳи ҷопониҳо дар ҳудуди деҳаҳои имрӯзаи Ҳаштяк ва Куркати ноҳияи Спитамен воқеъ буд.                 Р. Қосимов нақл мекунад, ки асирони ҳарбии ҷопонӣ худро асирони ҳарбӣ ном намебурданд, онҳо худро «шахсони муваққатан боздошташуда» мешумориданд. Шояд ин натиҷаи ифтихори миллии онҳо бошад. Зеро аскари ҷопонӣ дар давраи ҷанг одатан асир намеафтад, вай ё ғалаба мекунад ё дар ҷанг ҳалок мегардад.                 Тавре ки маълум аст, Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи августи соли 1945 ба муқобили Ҷопон ҷанг эълон карда буд. Ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷопон моҳи декабри ҳамон сол ба охир расид. Гурӯҳи охирини асирони ҳарбии Ҷопон моҳи декабри соли 1956 ба ватан фиристода шуд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, шумораи умумии асирони ҳарбии Ҷопон дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз 500 ҳазор нафар зиёд буд. Онҳо дар сохтмони иншоотҳои гуногуни Русия, Украина, Қазоқистон ва Тоҷикистон кор мекарданд.                Аскарону афсарони Ҷопон бо вуҷуди талафоти вазнини ҷонию молии худ тайёр буданд, ки то охирин аскар ба муқобили қисмҳои ҳарбию шӯравӣ ҷанганд, вале муроҷиатномаи шоҳи Ҷопон аз 17 августи соли 1945 «Ба ҳамаи аскарон ва матросҳо» аскарону афсарони Ҷопонро ба супурдани аслиҳа ва таслим шудан водор сохт. Сабаби хеле зиёд будани асирони ҳарбии Ҷопон дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳамин аст.                Имрӯз мо бояд қабристони асрони ҳарбии Ҷопонро ҷустуҷӯ карда ёбед ва барои поси хотири онҳо муҷассамаи ёдгорӣ гузорем. Низомиёни ҷопонӣ дар шароити асорат ҳам аз худ хотираи нек боқӣ гузоштанд. Даҳҳо иншоотҳои бузурги замони шӯравиро онҳо бунёд намудаанд. Акнун ҳукумати Ҷопон ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистон кӯмаки бебозгашту беғразона мерасонад.                Ба қавли коршиносон, Ҷопон яке аз шарикони имконпазири боэътимоди Тоҷикистон гардида метавонад. Мамлакатҳои мо умумияти бисёр доранд. Тоҷикон то ҳол асирони ҳарбии Ҷопонро бо некӣ ёд мекунанд. Онҳо фаромӯш накардаанд, ки асирони ҳарбии ҷопонӣ дар давоми панҷ соли кору истиқоматашон дар Тоҷикистон бо аҳолии маҳаллӣ ягон маротиба муноқиша накардаанд.                                                                                                Тарҷумон Қудратов А. 

Июль 3, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд