АЗ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОИҶОН КӮМАК МЕРАСАД

Июль 23, 2009 10:22

                Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки Ҷумҳурии Озарбоиҷон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, ки дар моҳҳои марту апрели соли ҷорӣ ба сари аҳолии чанд маҳали вилоятҳои Хатлону Суғд омада буд, 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.                 Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар натиҷаи боришҳои пай дар пай бештар аз 500 оила дар вилояти Хатлон зарари молиявӣ дид. Ин пеш аз ҳама ба ноҳияҳои Хуросон ва Панҷи вилояти ҳатлон дахл дорад.                 Ҳоло дар ноҳияи Хуросон бо дастгирию кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ қариб 150 оила бо хона таъмин карда шуда, сохтмони мактаб барои 700 нафар хонанда ва бунгоҳи тиббӣ барои аҳолии шаҳраки навбунёд идома дорад.                Ба аҳолии зарардидаи ин ноҳия кӯмакҳои башардӯстонаи Федератсияи Русия , Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дар рӯзҳои нахустини баъди ҳодисаҳои табиӣ ворид гардида буд.

Июль 23, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд