АЗ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОИҶОН КӮМАК МЕРАСАД
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки Ҷумҳурии Озарбоиҷон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, ки дар моҳҳои марту апрели соли ҷорӣ ба сари аҳолии чанд маҳали вилоятҳои Хатлону Суғд омада буд, 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар натиҷаи боришҳои пай дар пай бештар аз 500 оила дар вилояти Хатлон зарари молиявӣ дид. Ин пеш аз ҳама ба ноҳияҳои Хуросон ва Панҷи вилояти ҳатлон дахл дорад. Ҳоло дар ноҳияи Хуросон бо дастгирию кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ қариб 150 оила бо хона таъмин карда шуда, сохтмони мактаб барои 700 нафар хонанда ва бунгоҳи тиббӣ барои аҳолии шаҳраки навбунёд идома дорад. Ба аҳолии зарардидаи ин ноҳия кӯмакҳои башардӯстонаи Федератсияи Русия , Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дар рӯзҳои нахустини баъди ҳодисаҳои табиӣ ворид гардида буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






