АЗ НАТИҶАҲОИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ҶТ СЕ САНАД БА ИМЗО РАСИД

Июль 13, 2009 09:05

                Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр, Фарангис Рахимова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти як ба яки президентҳои Тоҷикистону Латвия Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс, инчунин гуфтушуниди ҳайатҳои ҳарду ҷониб бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Латвия баргузор гардид. Дар ин мулоқотҳо масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳарду давлат, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқотҳои доиргардида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Латвия 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Изҳороти муштарак дар бораи густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, ки онро президентҳои ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс ба имзо расониданд.  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Латвия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ ва техникиро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода ва вазири иқтисоди Латвия Артис Кампарс ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Латвия оид ба алоқаи автомобилии байналмилалиро вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр ва вазири нақлиёти Латвия Каспарс Герхардс имзо карданд.                Пас аз маросими имзои санадҳо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои латвиягии худ Валдис Затлерс Ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи саввумро тақдим намуд. Дар навбати худ, Валдис Залтерс ба Сарвари давлати Тоҷикистон мукофоти олии кишвари худ — Ордени се ситораро супурд.               Ёдовар мешавем, ки Президенти Латвия дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири кишвар Оқил Оқилов мулоқот ва аз шаҳрҳои Хуҷанду Турсунзода дидан хоҳад кард. 13 июл Валдис Затлерс дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Латвия иштирок ва суханронӣ мекунад.                 Мавриди ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Латвия соли 1994 оғоз гардида, ин аввалин сафари давлатии шахсияти баландпояи кишварҳои Балтика пас аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Июль 13, 2009 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд