БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲ РАҚАМИ МУСАЛСАЛИ БАЙНАЛХАЛҚ&#1250

Июль 18, 2009 11:57

                     Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Анвар Абдурасулов дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ба маҷаллаи илмию техникии «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» моҳи июл рақами мусалсали байналхалқии ISS №2075 — 177Х дода шуд. Вай ҳамчунин хабар дод, ки маҷаллаи мазкур дар феҳрасти «Почтаи тоҷик» ҳамчун нашрияи даврӣ бо индекси почтаи 77679 ба қайд гирифта шуд.                   Дар маҷаллаи донишгоҳ мақолаҳои илмии на танҳо омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон, балки хабару мақолаҳои илмии аз мактабҳои олии Русия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қирғизистон ва мамлакатҳои дигари хориҷӣ фиристодашуда чоп карда мешаванд. Айни ҳол барои дохил намудани маҷалла ба рӯйхати нашрияҳое, ки Комиссияи олии аттестатсионии Русия барои чопи асару мақолаҳои илмӣ тавсия медиҳад, гуфтушунид карда мешавад. Илова бар ин бо Китобхонаи электронии Русия барои дохил намудани маҷалла ба Силсилаи системаҳои индекси нашрияҳои илмии Русия қарордод имзо карда шуд. Ин ба олимону донишҷӯёни тоҷик имкон медиҳад, ки маҷаллаи мазкурро мутолиа намуда, аз дастовардҳои навтарини олимони ҷаҳон бохабар шаванд.                                                                                                         Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 18, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд