БАХШИДА БА ФОҶИАИ ЗАМИНЛАРЗАИ ҲОИТ СУТУНИ ЁДБУД ГУЗОШТА МЕШАВАД
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 60-солагии фоҷиаи заминларзаи Ҳоит аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии ёдгориҳо ва таҷҳизоти ғайристандартии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сутуни ёдбуд гузошта мешавад. Маросими кушодашавии он 10 июл дар ҷои фоҷиа баргузор мегардад. Бояд хотиррасон шуд, ки онро ҳайкалсози маъруф С. Қосимов офарида, маблағгузории корҳо аз ҷониби хазинаи Президенти мамлакат сурат гирифтааст. Сутун аз санги мармар сохта шуда, таҷассумгари симои модар мебошад. Сутуни қаблии он дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вайрон карда шуд буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






