БАР ҚАВМИ БЕИРОДА СУХАН ҲАЙФ АСТ
Дар баъзе сайтҳои Интернет ба монанди Фергана Ру. таҷмигрант.ком, Москов таймз, Время новостей, Радио»Свобода», Коммерсант, Эхо Москвы маводро нисбати лоиҳаи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хонда, кас ба ҳайрат меафтад. Дар ин ҷо шахсон ва қувваҳои алоҳидаи ғаразнок амалан эътирози худро нисбати муроҷиати телевизионии Президенти Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи забон санаи 22.07.09. намуд, ки иброз кардаанд. Мӯҳтавои сухан ин аст, ки дар Лоиҳаи қонуни нав забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо қайд нашудааст, чи хеле ки ин маънӣ дар Қонун дар бораи забон соли 1989 қабулгардида таъкид гардида буд. Аз ҷумла, Алексей Островский — раиси кумитаи Думаи давлатии Русия тарҳи Қонуни нав дар мавриди забони тоҷикиро як хатои ҷиддии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хондааст. Ба гуфти вай «аз ин иштибоҳи ҷиддии Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ҳама он муҳоҷирони тоҷик ранҷ хоҳанд кашид, ки барои кор ба Русия меоянд». Островский ва островскийҳо гуфтани ҳастанд, ки агар Шумо роли забони русиро дар Тоҷикистон паст занед, мо низ ҳамин тавр ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия муносибат мекунем. Бубинед, «бародари калон» нисбати бародарони хурдаш чӣ хел «ғамхору меҳрубон» аст. Чӣ тавр масъалаи забонро дар ин маврид вай ҳаннотӣ мекунад. Лекин Островский ва островскийҳо як чизро дарк намекунанд, ки новобаста аз майлу хоҳиши онҳо мардумони оддӣ, аз ҷумла, тоҷикистониҳову русиягиҳо бо ҳам робита ва дӯстӣ мекарданд ва хоҳанд кард. Онҳо садсолаҳо қабл аз ин бо ҳам якҷоя мезистанд ва дар оянда ҳам зиндагӣ мекунанд. Забони умумии онҳо меҳру муҳаббати инсонист. Психологияи чунин нафарон то ҳол психологияи мустамликадор аст, ба Тоҷикистон онҳо ҳамчун ба мутеъи Русия нигоҳ мекунанд. Островский ва ҳамфикрони вай бояд донанд, ки дар Қонуни асосӣ (конститутсия) — и Тоҷикистон мавқеи байналмилалии забони русӣ дарҷ гардидааст. Дар Тоҷикистон мактабҳои зиёди русӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи тоҷикӣ — славянӣ амал мекунанд. Соли ҷорӣ филиали Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд. Инчунин аз тарафи Президенти Тоҷикистон дастур, дар бораи пурзӯр намудани чораҳо ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дода шудааст. Дар мавриди баланд бардоштани мавқеъи забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ дар Тоҷикистон бояд қайд намуд, ки ин масъала сифр масъалаи дохилии як миллат аст. Тоҷикистон давлати мустақил буда, эҳтиёҷ ба маслиҳатҳои Островский барин «ғамхорон» — и муҳоҷирони меҳнатии тоҷик надорад. Муроҷиатномаи раиси ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягӣ «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов ба Маҷлиси Олии ҶТ — ро дар шабакаи Интернет Центр Азия хонда, кас ба хулоса меояд, ки ӯ низ дар қатори островскийҳо ва рогозинҳо меистад. Фақат фарқ дар он аст, ки Шарипови кӯрнамаки кӯтоҳандеш мутаассифона бо обу ҳаво ва нону намаки Тоҷикистон ба воя расида, островскийҳо ва рогозинҳоро хушбахтона Худо аз ин неъматаш бебаҳра гардонидааст. Аз гуфтаҳои вай бармеояд, ки ӯ эҳтиром ба фарҳанг, миллат, Ватан ва забон надошта, аз ҳисси миллӣ фарсахҳо дур аст. Ҳамзамон таҳлили гуфтаҳои ӯ нишон медиҳад, ки ӯ ин мақоларо на бо истифода аз донишу маҳорату малакаи худ, балки бо дастгирию сарпарастии «хоҷагон» — и худ нигоштааст. Банда мақолаи ҷаноби Шарипов «Иван» — ро Хонда, гуфтаҳои шодравон Лоиқро бевосита ёд меорам, ки онҳо барои чунин «тоҷикон» — и кӯтоҳандешу безоту бунёд гуфта шудаанд: Заҳр бодо шири модар бар касе, К — ӯ забони модарӣ гум кардаааст. Ҷаноби Шарипов қайд менамояд, ки қариб 2 миллион муҳоҷирони тоҷик дар кишвари Россия кор ва фаъолият мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, 25 фисади аҳолиро ӯзбекзабонҳо ташкил медиҳанд. Ҳамзамон эътироф менамояд, ки русзабонҳо ба миқдори кам дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Аз азал муоширати байни тоҷикону ӯзбекон ҳеҷ гоҳ ба забони русӣ сурат нагирифта буд ва намегирад. Дар муошират ин миллатҳо ҳамавақт ё забони тоҷикӣ ё забони ӯзбекиро истифода мебурданд. Ба истифодаи забони русӣ дар Тоҷикистон ҳамон қисмати хеле ками одамон эҳтиёҷ доранду халос. Дар ҳолате, ки дар Тоҷикистон қисмати ками русзабонон зиндагию фаъолият мекунанду Шарипов мавқеъи байналмилалӣ дошта, забони русиро талаб мекунад, дар Русия бошад, ба гуфти ӯ, қариб 2 миллион муҳоҷирони тоҷик ба сар мебаранд, пас чаро Шарипов даъвои онро надорад, ки ба забони тоҷикӣ дар Русия қонунан ягон мартаба дода шавад. Аз ин лиҳоз, ба Шарипов муроҷиат намуда, қайд карданиям: ту, Шарипов, бидон, ки дар ин дунё чизҳои ҳастанд, ки барои инсони ҳақиқӣ муқаддасанд ва харидаву фурӯхта намешаванд ба монанд ору номуси милливу динӣ, Ватан, забони модарӣ. Мо, тоҷикон, феълан ҳақиқатан ба кӯмаки иқтисодиву молиявӣ эҳтиёҷмандем. Лекин арзишҳои миллӣ қимат надоранд, мо онҳоро ба ягон хел кӯмаки иқтисодӣ намефурӯшем. Қонеъ ба як устухон чу каргас будан, Беҳ з-н, ки туфайли хони нокас будан! Бо нони ҷавини хеш ҳаққо, ки беҳ аст, К-олуда ба полудаи ҳар кас будан! Бобоҷонов Муҳаммадӣ, муаллим. ш. Чкалов — и вилояти Суғд.