БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар робита ба фалокати калони ҳавопаймои мусофирбар, ки 15 июл дар Теҳрон ба вуқӯъ пайваста аст, ба унвони Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод барқияи тасаллият фиристод. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли андӯҳу дард хабари суқути ҳавопаймои эрониро, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо нафар мусофирони он гашта аст, дарёфт намудам. Зимни изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси дарду алами моро аз ин фоҷиа ба наздикону бозмондагони шахсони шаҳидшуда бирасонед» Инно лиллоҳи ва инно алайҳи роҷиун Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






