БАРНОМАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ ИҶРО МЕШАВАНД

Июль 28, 2009 08:39

                 Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази идораи барномаҳои соҳаи истеҳсол ва интиқоли қувваи барқ» бахшида ба натиҷаҳои нимаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни он директори марказ Холмурод Қурбонов ва роҳбарони иншоотҳо ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд.                  Қайд карда шуд, ки Маркази идораи барномаҳои соҳаи истеҳсол ва интиқоли қувваи барқ айни ҳол 8 барномаро амалӣ месозад. Ин барномаҳо барқарор сохтани соҳаи энергетикии ҷумҳурӣ, барқарор сохтани шабакаи энергетикии шаҳри Душанбе, сохтмони хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» ва «Лолазор — Хатлон», тармими шабакаи тақсимоти қувваи барқ дар НБО «Норак» ва ғайраро дар бар мегирад.                  Х.Қурбонов дар бораи сохтмони хатҳои баландшиддати байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон маълумоти муфассал дод. Вай зикр намуд, ки хати интиқоли қувваи барқи мазкур аз НБО «Сангтӯда — 1» сар шуда то сарҳади Афғонистон давом мекунад. Дарозии хати мазкур дар қаламрави Тоҷикистон 118 километр ва дар қаламрави Афғонистон 156 километр мебошад. Хати интиқоли қувваи барқи мазкур тибқи нақша дар давоми 18 моҳ сохта мешавад. Бонки рушди Осиё барои сохтмони он 10,7 миллион доллари ИМА, Бонки муштараки мамлакатҳои содиркунандаи нафт 7,3 миллион доллари ИМА ва ширкати «Барқи тоҷик» 5 миллион доллари ИМА ҷудо кардаанд. Умуман барои сохтмони он 23 миллион доллари ИМА сарф карда мешавад.                  Тибқи барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон то соли 2020 — ум 189 нерӯгоҳ сохта мешавад, ки иқтидори умумии онҳо 641 миллион киловатт — соат қувваи барқ мебошад, гуфт дар хотима Х.Қурбонов.   

Июль 28, 2009 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид