БАРНОМАИ «ПОМИР ЗИДДИ СПИД» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Конфронси ҷамъбастӣ оид ба барномаи «Помир зидди СПИД» дар шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид. Директории Маркази пешгирӣ оид ба бемории масъунияти бадан Муллоабдол Абдуллоев дар ин конфронс иброз дошт, ки дар минтақа дар давоми сол аз 4 то 27 нафар беморони мубталои масъунияти бадан ба қайд гирифта мешаванд. Аз соли 2003 то имрӯз дар қаламрави вилоят 115 ҳодисаи ба бемории масъунияти бадан гирифтор шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 108 нафар мард ва 7 нафар зан мебошанд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, 82,3 фоизи бемориҳои гирифтори масъунияти бадан тавассути сӯзандору ва 15, 7 фоиз тавассути алокаи ҷинсӣ гирифтори ин бемориҳо гардиданд. Дар 5 соли охир дар вилоят 24 нафар гирифторони бемории ВИЧ ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






