БАРНОМАИ РАФЪИ БӮҲРОН ДАСТГИРӢ ЁФТ
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Барномаи дастгирии рафъи бӯҳрони молиявӣ, ки аз ҷониби шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд 6 — уми июли соли ҷорӣ қабул гардид, амалан ба фаъолият гузашт. Бояд тазаккур дод, ки Бонки Осиёгии Рушд дар доираи барномаҳои грантӣ барои рафъи бӯҳрони молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисон 40 млн. доллар гузаронд. Боиси тазаккур аст, ки рушди хоҷагӣ ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инвеститсияи хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст. Бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва аз кор мондани садҳо корхонаҳо дар кишварҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият доранд, ба рушди саноат ва кишоварзии Тоҷикистон бетаъсир намонд. Дастгирии Бонки Осиёгии Рушд имкон медиҳад, ки вазъи молиявӣ беҳтар гардида, дар асоси барномаҳои инвеститсионӣ ҷойҳои пештараи корӣ нигоҳ дошта шуда, ҳазорҳо ҷои нави корӣ таъсис дода шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






