БАСТАНИ БОЗОРИ ЧЕРКИЗ САБАБИ АФЗОИШИ ҶИНОЯТ НАГАШТ
Маскав, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Правда. Ру).-Муовини сардори милитсияи таъминоти амнияти ҷамъиятии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав Григорий Краснов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки бастани бозори Черкиз сабаби афзоиши ҷинояткорӣ дар шаҳри Маскав нагардид. Ҳол он ки мақомоти муҳофизи тартибот ва аҳли ҷамъият вобаста ба баста шудани бозори мазкур изҳори ташвиши ҷиддӣ менамуданд. Ба қавли Г. Краснов вазъи бозор ва тамоми минтақа таҳти назорати мақомоти муҳофизи қонуну тартибот қарор дорад. Айни ҳол вазъияти шаҳр мӯътадил мебошад. Барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қувваҳои иловагӣ ҷудо карда шуданд. Краснов зикр кард, ки теъдоди содир гардидани ҷиноят дар Маскав аз аввали сол дар байни шаҳрвандони хориҷӣ 16% афзудааст. Одамон дар ҷустуҷӯи кор муддати дароз саргардон шуда, бисёр вақт ба доираи фаъолияти ҷинояткорон ҷалб мегарданд, гуфт намояндаи РКД Маскав. Аз рӯи маълумоти мавҷуда вақтҳои охир дар Маскав ҳодисаҳои дуздӣ, талаю тороҷ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа бештар мушоҳида мешавад. Г. Краснов дар хотима изҳор намуд, ки мардикорони Ўзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар пойтахти мамлакат бештар ҷиноят содир менамоянд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






