БАЁНИЯИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶИА, ҶИП, ФР ВА ҶТ
30 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе мулоқоти чорҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон О. А. Зардорӣ, Президенти Федератсияи Россия Д. А. Медведев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон баргузор гашт. Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, сарони чор давлат самтҳои асосӣ ва дурнамои ҳамкориҳои чорҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, -бо эътирофи аҳамияти тавсиа ва таҳкими робитаҳои ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи иқтисодиёт; -бо таъкиди зарурати амалисозии пайгиронаи созишномаҳое, ки дар рафти вохӯрии Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Россия 15 июни 2009 дар шаҳри Екатеринбург ба даст омадаанд; -бо назардошти натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 июли 2009 дар шаҳри Душанбе; -бо истиқбол аз Баёнияи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Россия (Триест, 26 июни соли 2009), ки бо супориши Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Россия қабул гардидааст; -бо таъкиди аҳамияти ба кор андохтани НОБ-и "Сангтӯда-1" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои ҳалли масъалаҳои энергетикии минтақа, 1. Аз омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат варзидан дар корҳо аз рӯи самтҳои асосие, ки дар Баёнияи мазкури вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Россия сабт гаштаанд, истиқбол менамоянд. 2. Аз афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молии фаъолиятҳои террористӣ изҳори нигаронӣ мекунанд ва аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоранд, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Афғонистон барои муборизаи қатъӣ бар зидди таҳдиди маводи мухаддир иқдомоти иловагӣ анҷом диҳанд. 3. Ба рушд ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии байни чор давлат аҳамияти махсус медиҳанд ва фаъолиятро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба мусоидат дар барқарорсозии иҷтимоию иқтисодӣ ва пешравии минтақа равона гаштаанд, дастгирӣ мекунанд. 4. Зарурати рушд ва таҳкими ҳамкориҳои чорҷонибаи иқтисодӣ, аз ҷумла, дар масъалаи пайдо намудани роҳу василаҳои мусоидат ба тиҷорати минтақавӣ, афзоиши воридшавии сармоягузории хориҷӣ ва амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, бунёди хатҳои интиқоли барқ, рушди инфрасохтори нақлиёт ва инчунин аҳамияти чораҳоро дар бунёди фазои мусоиди инвеститсионӣ дар давлатҳои худ, ташвиқ намудани робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорони тарафҳоро қайд месозанд. 5. Салоҳ будани ҷалби фаъолонаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба равандҳои ҳамкории иқтисодии минтақа ба манфиати барқарорсозии хоҷагӣ ва мӯътадилсозии вазъият дар саросари кишвар таъкид менамоянд. 6. Алоқамандии худро дар ширкат варзидан дар ҳамкории иқтисодӣ таҳти сарпарастии СҲШ баён месозанд ва инчунин аз Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ даъват ба амал меоранд, ки мусоидати худро ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодӣ фаъол созанд, аз ҷумла, имкониятҳои расонидани чунин мусоидатро ба лоиҳаи CASA-1000 мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон О.А. Зардорӣ ва Президенти Федератсияи Россия Д.А. Медведев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарм ва самимӣ изҳори ташаккур карда, аҳамияти мулоқоти чорҷонибаи баргузоршударо таъкид менамоянд. Баёнияи муштарак дар шаҳри Душанбе 30 июли соли 2009 дар як нусхаи асл ба забонҳои англисӣ, дарӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон