БЕҲТАРИН НАЪТХОНОНИ ТОҶИК ҲУНАРНАМОӢ МЕКУНАНД

Июль 22, 2009 14:48

                   Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 4-уми август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев нахустфестивали ҷумҳуриявии наътхонон баргузор мегардад.                   Дар он 22 нафар беҳтарин ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар фестивал бо барномаи консертӣ устодони санъат ва овозхонони шинохта ширкат меварзанд.                   Тавре хабар дода шуда буд, яке аз шартҳои ҷашнвора ин бо либоси миллӣ баромад намуда, одобу фарҳанги наътхонӣ, истифодаи дурусти хусусиятҳои этнографӣ ва мазмуни аслии наът ситоиши Пайғамбари Ислом (с)-ро риоя намудан аст.                   Мақсад аз баргузории фестивал пос доштани хотираи фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имоми Аъзам (р), ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, густариши равобити фарҳангии байни шаҳру ноҳияҳо ва баҳрабардории беҳтару бештар аз санъати асили мардумӣ мебошад. Зеро афкори Имоми Аъзам дар фарҳанги исломӣ мақоми бунёдиро пайдо намуда, барои ташаккули жанри наъти Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчун яке аз рукнҳои мусиқии суннатии халқи тоҷик низ замина гузоштааст.                   Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Июль 22, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд