БЕМОРИИ А(Н1N1) МАМЛАКАТҲОИ НАВРО ФАРО МЕГИРАД

Июль 30, 2009 10:40

                    Женева, 30 июл. АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Дар давоми ду ҳафтаи охир тақрибан дар 20 мамлакат ва ҷазираҳое, ки ба Нидерландия, Британияи Кабир, Фаронса ва ИМА тааллуқ доранд, ҳодисаҳои нави ба бемории А(Н1N1) гирифтор шудани одамон ба қайд гирифта шуд. Бемории мазкур аз ҷумла дар Афғонистон, Судон, ҷазираҳои Самоа ва Антил низ ошкор карда шуд.                   То 27 июл ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба қайд гирифтани 134 ҳазор бемор хабар дода шуд. Шумораи беморон дар Аврупо ба 16 ҳазор нафар мерасад. Дар Русия то имрӯз 28 бемор ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи онҳо ба қарибӣ аз сафари мамлакатҳои хориҷӣ баргаштаанд.                    Сардухтури санитарии Русия Геннадий Онишенко 28 июл пешниҳод кард, ки ба хориҷа фиристодани гурӯҳҳои бачагон вобаста ба паҳн гардидани ин беморӣ муваққатан манъ карда шавад.                   Созмони ҷаҳонии саломатӣ охири моҳи июн дар давоми бештар аз 40 соли фаъолияташ бори аввал ба паҳн гардидани бемории А(Н1N1) дараҷаи шашумро муносиб донист. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бояд ба муқобили беморӣ мубориза баранд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 30, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд