БЕСИФАТИИ МАҲСУЛОТ АЗ ПАСТИИ САТҲИ ҲУҚУҚИИ СОҲИБКОРОН АСТ
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Пӯшида нест, ки имрӯз дар бозори истеъмолии мамлакат аз нигоҳи сифат камбудиҳо ба назар мерасанд, ки яке аз омилҳои асосии он паст будани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон мебошад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 10 июл директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Ҳотамов. Ӯ афзуд, ки натиҷаҳои аксари санҷиш ва ташхисҳои озмоишгоҳҳо нишон доданд, ки баъзе соҳибкорон аз маҳдуд шудани санҷишҳои мақомоти назоратӣ истифода карда, маҳсулоти ҳасибии бесифат, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат, бе тамға ва бо истифодаи ғилофаҳои қалбакӣ ба бозори истеъмолӣ ворид кардаанд. Аз ин рӯ, дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи нозирон 1206 санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуда, 313 партияи маҳсулот бо сабаби ғайристандартӣ буданашон ва 52 партияи дигар бо сабаби надоштани сертификати мутобиқат аз фурӯш боздошта шуданд. Гуфтанист, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар натиҷаи ташхис дар озмоишгоҳҳои Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» 386 тонна орд, 16 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 3 тонна тухм, 16 тонна равғани растанӣ, 96 тонна макарон, 14,6 тонна маҳсулоти ширӣ7108 дал нӯшокиҳои спиртӣ ғайристандартӣ дониста шуда, аз нав коркард ва нобуд карда шуданд. Дар фарҷом Д. Ҳотамов ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






