БЕСИФАТИИ МАҲСУЛОТ АЗ ПАСТИИ САТҲИ ҲУҚУҚИИ СОҲИБКОРОН АСТ

Июль 10, 2009 15:45

                   Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Пӯшида нест, ки имрӯз дар бозори истеъмолии мамлакат аз нигоҳи сифат камбудиҳо ба назар мерасанд, ки яке аз омилҳои асосии он паст будани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон мебошад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 10 июл директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Ҳотамов.                    Ӯ афзуд, ки натиҷаҳои аксари санҷиш ва ташхисҳои озмоишгоҳҳо нишон доданд, ки баъзе соҳибкорон аз маҳдуд шудани санҷишҳои мақомоти назоратӣ истифода карда, маҳсулоти ҳасибии бесифат, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат, бе тамға ва бо истифодаи ғилофаҳои қалбакӣ ба бозори истеъмолӣ ворид кардаанд. Аз ин рӯ, дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи нозирон 1206 санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуда, 313 партияи маҳсулот бо сабаби ғайристандартӣ буданашон ва 52 партияи дигар бо сабаби надоштани сертификати мутобиқат аз фурӯш боздошта шуданд. Гуфтанист, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар натиҷаи ташхис дар озмоишгоҳҳои Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» 386 тонна орд, 16 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 3 тонна тухм, 16 тонна равғани растанӣ, 96 тонна макарон, 14,6 тонна маҳсулоти ширӣ7108 дал нӯшокиҳои спиртӣ ғайристандартӣ дониста шуда, аз нав коркард ва нобуд карда шуданд.                   Дар фарҷом Д. Ҳотамов ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.

Июль 10, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд