БОЛО РАФТАНИ НАРХИ ГАЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАРО БОЗДОШТ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-и вилояти Хатлон Тоирхон Ғозиев, корхона аз моҳи декабри соли 2008 бо сабаби болоравии нархи газ аз фаъолият бозмонд. Беш аз 600 нафар кормандони корхона ба рухсатии меҳнатии бемузд ҷавоб дода шуданд. Дар соли 2008 корхона ба буҷа 13 млн. сомонӣ андоз ворид намуд. Айни замон корхона 200 нафар мутахассисони ботаҷрибаро нигоҳ доштааст. Роҳбарияти корхона аз он ҳарос дорад, ки дар сурати аз кор рафтани ин 200 нафар ихтисосманд, дигар фаъолият карда наметавонад. Ба гуфти Тоирхон Ғозиев, агар мо фирефтаи маҳсулоти арзони хориҷӣ шавему фаъолияти корхонаҳои худро қатъ кунем, ҳамаи маҳсулоти арзони хориҷии имрӯзаро фардо бо нархи даҳчанд харидорӣ хоҳем кард.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






