БОЛО РАФТАНИ НАРХИ ГАЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАРО БОЗДОШТ

Июль 1, 2009 10:35

                 Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-и вилояти Хатлон Тоирхон Ғозиев, корхона аз моҳи декабри соли 2008 бо сабаби болоравии нархи газ аз фаъолият бозмонд. Беш аз 600 нафар кормандони корхона ба рухсатии меҳнатии бемузд ҷавоб дода шуданд.                Дар соли 2008 корхона ба буҷа 13 млн. сомонӣ андоз ворид намуд. Айни замон корхона 200 нафар мутахассисони ботаҷрибаро нигоҳ доштааст. Роҳбарияти корхона аз он ҳарос дорад, ки дар сурати аз кор рафтани ин 200 нафар ихтисосманд, дигар фаъолият карда наметавонад.                Ба гуфти Тоирхон Ғозиев, агар мо фирефтаи маҳсулоти арзони хориҷӣ шавему фаъолияти корхонаҳои худро қатъ кунем, ҳамаи маҳсулоти арзони хориҷии имрӯзаро фардо бо нархи даҳчанд харидорӣ хоҳем кард.

Июль 1, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид