БОЗ 4 ҲОДИСАИ ХУДКУШӢ
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ҳафтаи сипаришуда дар вилоят 4 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Сокинони шаҳри Истаравшан Сабоҳат Дадоева ва Рашид Раҳимови 32 сола бо роҳи худовезӣ худро ба ҳалокат расониданд. Ҳамчунин сокини ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент Шоҳрух Рӯзибоев ва шаҳрванди дигари ҳамин ноҳия Рустам Муҳибов яке бо роҳи овехтан ва дуюмӣ бо роҳи худғарқкунӣ ба ҷони худ падруд гуфтанд. Ҳоло дар прокуратураи шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Панчакент нисбати ин ҳодисаҳои номатлуб тафтишот бурда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






