БУ 5 МЛН. ДОЛЛАРИ ИМА БА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ҶУДО НАМУД

Июль 22, 2009 10:51

               Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ яке аз грантҳои маблағгузории бузурги мамлакат дар соҳаи тандурустӣ мебошад, қайд намуд дар нишасти матбуотӣ муовини директори Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ Маърифат Абдуллоева.                Ӯ афзуд, ки суръати татбиқи лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ барои дастгирии ислоҳоти ташкилотию молиявӣ, баланд бардоштани қудрати Вазорати тандурустӣ ва беҳтар кардани идоракунии соҳа, инчунин дастрас гардондан ва дар ноҳияҳои таҷрибавӣ розигии аҳолиро аз хизматрасониҳои тиббӣ соҳиб шудан, равона шудааст. Ҳамаи чорабиниҳои лоиҳа амалӣ шуда истодаанд, азхудкунии маблағҳо аз аввали татбиқ 87%-ро ташкил медиҳад. Дар як нимсолаи соли 2009 азхудкунии маблағҳо 2249601 доллари амрикоӣ ва иҷрокунии нақша 101%-ро ташкил дод.                Ба ғайр аз ин, лоиҳа нахустин маротиба маблағгузориро барои расонидани кӯмаки фавқулодда ба занони ҳомила ва кӯдаки ширмакдошта амалӣ мекунад, ба анҷоми пеш аз нақшавии он — то августи соли 2009 тамоми шароит вуҷуд дорад.                Суръати баланди татбиқи лоиҳа ва азхудкунии маблағҳои грантӣ Бонки Умумиҷаҳониро водор намуданд, ки боз 5 миллион доллари амрикоӣ ба соҳаи тандурустӣ ҷудо намояд. Созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории иловагӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар моҳи майи соли 2009 ба имзо расид.   

Июль 22, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд