ЧАРО НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРАҲО ТАҒЙИР МЕЁБАД?

Июль 9, 2009 11:31

                 Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Нархи чиптаи қатораҳои мусофирбари Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба арзиши франки Швейсария тағйир ёфта, инчунин ба нархи хизматрасонӣ дар нақлиёти роҳҳои оҳани Федератсияи Русия вобастагии калон дорад. Вале нархи чиптаи наклиёти роҳи оҳан барои сокинони Тоҷикистон нисбати долари Амрико нишон дода мешавад.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз нархи чиптаи қатораҳои мусофирбари Душанбе-Маскав дар вагонҳои умумӣ 177 доллари ИМА, Кӯлоб-Маскав 182 доллари ИМА, Қӯрғонтеппа-Маскав 177 доллари ИМА, Шаҳритус-Маскав 176 доллари ИМА, Хуҷанд-Саратов 128 доллари ИМА мебошанд. Нархи чиптаҳо дар вагонҳои ҳуҷрадори қатораҳои Душанбе-Маскав 220 доллари ИМА, Кӯлоб-Маскав 224 доллари ИМА, Қӯрғонтеппа-Маскав 219 доллари ИМА, Шаҳритус-Маскав 218 доллари ИМА ва Хуҷанд-Саратов 164 доллари ИМА мебошад. Мусофирон ҳамроҳи худ 1 нафар кӯдаки то 5 соларо бепул бурда метавонанд. Дар мавриди 2 нафар будани бачагони то 5 сола барои онҳо 1 чиптаи бепул дода, нархи чиптаи дигар ба андозаи нисфи нархи чиптаи бачагони пардохта хоҳад шуд.

Июль 9, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд