ДАР 10 СОЛ СЕ ПАЖӮҲИШИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ОМОР
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи давлатии омори ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 соли охир дар бораи сатҳи зиндагии мардуми кишвар бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакон, Вазорати ҳамкориҳои Британия ва Созмони кишоварзӣ ва ғизо (ФАО)-и СММ сеюмин пажӯҳишро анҷом дод. Дар байни 4860 оила роҳҳои таъмини рӯзгор ва сабади истеъмолии онҳо мавриди пурсиш қарор ёфт. Пажӯҳиш нишон дод, ки зиндагии 60 фоизи сокинони ҷумҳурӣ асосан бо нону маҳсулоти ордӣ мегузарад. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, сатҳи зиндагӣ дар вилояти Суғд, ки саноат бештар фаъол аст, нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар пасттар мебошад.Дар сурати дар соли 2010 ба 10 млн. расидани аҳолии кишвар сатҳи фақр танҳо аз пешрафти истеҳсолот вобастагӣ пайдо мекунад. Агар пешрафти истеҳсолот то охири соли ҷорӣ дар ҳамин сатҳ давом ёбад, сатҳи фақр дар соли 2010 аз имрӯз дида, болотар меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






