ДАР ФАЙЗОБОД ИСТЕҲСОЛИ ТУХМ МЕАФЗОЯД

Июль 28, 2009 10:25

              Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи фабрикаҳои паррандапарварӣ дар соли ҷорӣ аз мадии назари роҳбарияти вазорат дур нест, — иброз дошт сардори раёсати чорводорӣ, парранда ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзӣ Музаффар Мирзоев. Таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардан ба ин соҳа ба он оварда расонид, ки саршумори умумии парранда ба 993 ҳазору 96 сар расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 131 ҳазору 766 сар зиёд аст.Бо сармоягузории ватанию хориҷӣ фабрикаи паррандапарварии шаҳри Ваҳдат ба фаъолият оғоз намуд.              Бо кӯмаки соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, фабрикаи ноҳияи Файзобод ба парвариши парранда омода мегардад.              Дар нимсолаи якуми соли 2009 истеҳсоли тухм дар ноҳияи Файзобод ба 2 млн. 478 ҳазор дона расонида шудааст, ки нисбат ба нишондоди нимсолаи якуми соли гузашта 1 млн. 533 ҳазору 980 дона зиёд аст.  

Июль 28, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд