ДАР МАКТАБҲО 3414 МУАЛЛИМ НАМЕРАСАД

Июль 9, 2009 13:46

                     Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори раёсати кадрҳои Вазорати маорифи ҷумхурӣ Шермаҳмад Ёрмаҳмадов, сарфи назар аз тайёр намудани шумораи зиёди кадрҳои педагогӣ нарасидани муаллимон дар шаҳру деҳоти кишвар эҳсос мегардад.                     Соли ҷорӣ мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси педагогиро наздик ба 11 ҳазор нафар хатм карданд, ки аз нисф зиёди онҳо барои кор ба деҳот фиристонида шуданд, бо вуҷуди он ҳанӯз дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ 3 ҳазору 414 нафар муаллимон намерасанд.                     Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, мактабҳои шаҳру деҳот ба 772 нафар муаллимони забони англисӣ, 430 нафар муаллимони забони русӣ, 566 нафар математик ва 420 физик ниёзманданд.

Июль 9, 2009 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд