ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ 4709 ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ

Июль 22, 2009 14:41

                     Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Дастгоҳи Шӯрои адлия фаъолияти судҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Исфара, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод ва Мастчоҳи вилояти Суғд, судҳои ҳарбӣ ва иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон оид ба масъалаҳои сари вақт баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, маводҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давраи соли 2008 ва се моҳи соли ҷорӣ мавриди санҷиш ва таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Натиҷаҳои онҳо дар ҷаласаи Шӯрои адлия муҳокима карда шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ва беҳтар намудани фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дастуру тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд», — қайд кард раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотие, ки 22 июл дар Душанбе шуда гузашт.                      Инчунин, қайд карда шуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти судҳо дар самти баррасии саривақтии парванда, қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок бо Фармони раиси Шӯрои адлия, нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст, ки мутобиқи он шахсони масъули Дастгоҳи Шӯрои адлия ба судҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе, суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе вобаста карда шудаанд, ва онҳо ҳар 10 рӯз як маротиба фаъолияти судҳои номбурдаро санҷида, аз натиҷаи он ба роҳбарияти Шӯрои адлия ахбор пешниҳод менамоянд.                       Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо таҳлил аз фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ натиҷагирӣ намуда, қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба судҳои ҷумҳурӣ 4709 парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 адад зиёд мебошад.

Июль 22, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд