ДАР ПОЙТАХТ МАРКАЗИ КАЛОНИ ФАРОҒАТӢ СОХТА МЕШАВАД

Июль 14, 2009 15:24

             Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Рӯзҳои наздик дар пойтахт сохтмони маҷмааи калони фарҳангу фароғатӣ оғоз хоҳад ёфт. Ташаббускори сохтмони он Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Маҷмаа бо маблағи ҷудо намудаи давлати Қатар сохта хоҳад шуд. Лоиҳаи онро раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев тасдиқ намуд.             Директори агентии сохтмону меъмории ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов зикр кард, ки бинои нави фарҳангию фароғатӣ дар мавзеи Буни Ҳисорак дар паҳлӯи биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд мегардад. Масоҳати умумии он 15 гектар мебошад. Маҷмааи мазкур минтақаи истироҳати бачагону калонсолон ва мӯйсафедону маъюбонро дар бар мегирад.             Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки чунин маҷмааи фарҳангию фароғатӣ чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд сохта шуд. Сохтмони он солҳои оянда дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.                                                                Тарҷумон – Қудратов А.

Июль 14, 2009 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд