ДАР САФОРАТХОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН ҚИТЪАИ ОВОЗДИҲӢ КУШОДА ШУД

Июль 22, 2009 14:39

                    Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Дар бинои сафоратхонаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Душанбе барои овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Қирғизистон қитъаи овоздиҳӣ кушода шуд. Консулхонаи сафорати Қирғизистон дар Душанбе то имрӯз 31 шаҳрванди мамлакати ҳамсояро ба қайд гирифтааст, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки пагоҳ, 23 июл дар Қирғизистон интихоботи президент баргузор мегардад. Дар интихобот шаш нафар номзад барои ба даст овардани мансаби президент мубориза мебаранд.                    Дар сафоратхонаи Қирғизистон зикр намуданд, ки дар ин ҷо барои овоздиҳӣ қитъаи махсус кушода, қуттиҳои овоздиҳӣ гузошта шуданд. Овоздиҳӣ дар сафорат аз соати 8 — и субҳ оғоз меёбад.                     Ҷараёни интихоботро дар Қирғизистон бештар аз 500 нозири хориҷӣ мушоҳида хоҳад кард. Гурӯҳи нозирони Тоҷикистон ҷараёни интихоботро дар вилояти Боткент назорат мекунад.                                                                                                        Тарҷумон — Қудратов А.  

Июль 22, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд