ДАР САМАРҚАНД БОЗОРИ «СУБҲИДАМ» БАРҲАМ ДОДА ШУД

Июль 28, 2009 15:46

                     Самарқанд, 28 июл. АМИТ «Ховар» — Фарғона. Ру). — Дар шаҳри Самарқанд чайқовбозори калонтарини мамлакат бо номи «Субҳидам» барҳам дода шуд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ дар натиҷаи барҳам дода шудани бозори мазкур аз 3,5 то 5 ҳазор нафар бекор монд.                       Бозори «Субҳидам» дар маркази шаҳри Самарқанд дар шафати бозори «Сиёб» воқеъ гардида буд. Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки дар ин бозор тамоми асбобу анҷоми зарурии рӯзгорро хоҳ шаб ва хоҳ рӯз пайдо кардан мумкин буд. На танҳо аҳолии Самарқанд, балки сокинони ноҳияҳои атроф ва дуру наздик барои харид маҳз ба ҳамин бозор меомаданд.                      Хабар дода мешавад, ки «Субҳидам» дар асоси барномаи обод сохтани шаҳри қадимаи Самарқанд ва ба нақшаи генералии он мувофиқ гардондани тамоми биноҳо ва иншоотҳо аз байн бурда шуд. Аз рӯи нақша, дар ҷои бозор гулгашт ё истгоҳи мошинҳо сохта хоҳад шуд. Ба савдогарони бозори мазкур пешниҳод шудааст, ки кори худро дар бозори навсохти «Янгибозор» давом диҳанд. Вале соҳибони «Янгибозор» аз фурсат истифода бурда нархи иҷораи мағозаю дӯконҳояшонро рӯз то рӯз баландтар мебардоранд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 28, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд