ДАР ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ ТИЛЛО ВА АЛЮМИНИЙ КАМ ШУД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Тоҷикистон вобаста ба бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ истеҳсоли маҳсулот дар бисёр корхонаҳо кам шуд ва баъзе корхонаҳо аз кор монданд. Аз ҷумла, дар мамлакат истеҳсоли тилло ва алюминий хеле кам гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон баргузоргардида хабар дода шуд. Қайд карда шуд, ки истеҳсоли тилло соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 килограмм ва истеҳсоли алюминий 35 ҳазор тонна кам шудааст. Муовини вазири энергетика ва саноат Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор намуд, ки вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ теъдоди сохтмони корхонаҳои калобаресӣ зиёд гардида, корхонаҳои қаблан азкормонда бақарор намуда ва ба кор дароварда мешаванд. Дар соҳаи энергетика пешрафти назаррас мушоҳида мешавад. Вазъи ин соҳа ояндаи наздик боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. Дар ин бора паймони сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар бораи сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон шаҳодат медиҳад. Рӯзҳои наздик сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия дар шаҳри Душанбе мулоқот хоҳанд кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаи сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ баррасӣ карда хоҳанд шуд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон қарзи худро аз ширкати «Ӯзтрансгаз» то моҳи октябри соли равон пурра бармегардонад. Тоҷикистон барои истифодаи гази табиӣ аз Ӯзбекистон айни ҳол 16 миллион доллари ИМА қарздор мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






