ДАР ТОҶИКИСТОН ТАВАЛЛУДИ КӮДАКОН МЕФЗОЯД
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Мувофиқи маълумоти омории фаврӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1482 нафар кӯдакони синни то 1 сола ва 330 нафар кӯдакони синни аз 1 то 4 сола, фавтидаанд, — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. Ӯ зикр намуд, ки нишондоди фавти кӯдакони синни то 1 -сола нисбати 1000 зиндатаваллуд 17,1 (шаш моҳи соли 2008 — 18,3) ва нишондоди фавти кўдакони синни то 5 -сола 20,9 (шаш моҳи соли 2008 — 23,0)-ро ташкил дод. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба шаш моҳи соли 2008 нишондоди таваллуд зиёд ба қайд гирифта шудааст. Агар дар шаш моҳи соли 2008 80493 (23,0 нисбати 100 000 аҳолӣ) нафар кўдак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондод дар шаш моҳи соли ҷорӣ 86525 (24,2 нисбати 100 000 аҳолӣ) нафарро ташкил намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






