….ДАРЁ ПАЛИД МЕНАШАВАД АЗ ДАҲОНИ САГ
Посух ба мақолаи М.Насимов: Ҷамъият чӣ гуна артиш намуна. Нақли фирорӣ аз Гвардияи миллии Тоҷикистон. Шаҳрвандони дуюмдараҷа Воситаҳои ахбори омма дар ҳама давру замон инъикоскунандаи ҳаёти воқеӣ ва тарғибгари арзишҳои волои инсонӣ, ҳидояткунандаи ҷомеаи ба ростиву ҳақиқатнигорианд. Вале ашхосе ёфт мешаванд, ки риоят ин принсипҳо ба аслу ботини онҳо рост намеояд ва мавқеи худро дар ВАО ёфта наметавонанд. Аз ин рӯ, бо навиштани бӯҳтонҳои беасосу бемантиқ қалам тез карданӣ мешаванд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ байни ду хонавода, ду миллати ба ҳам дӯст, ки пайвандҳои ногусастанӣ доранд, шурӯ низоъ андохтанӣ мешаванд. Вале боварии комил дорем, ки чунин ашхос, ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасад. Мо тамоман мавҷуд набудани зуроварӣ- (дедовщина) ро дар хизмати ҳарбӣ инкор намекунем. Ин зуҳуротро дар артишҳои пешрафтаи ҷаҳон низ гоҳ-гоҳ мушоҳида кардан мумкин аст. Далелу арқоми овардаи «қаҳрамон» М.Насимовро оид ба таҳқир ва латту ӯзбекзабонҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла дар қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемасъулиятии командирон ва ҳатто аз ин кор огоҳ будани Ҳукумати ҷумҳурӣ ва боз чандин тӯҳматҳои беасоси дигарро дар шаъни хизматчиёни ҳарбии тоҷик Хонда, заррае ҳам шубҳа накардем, ки ин муболиға ва иғвои навбатии миллатгароён аст. Дар навбатии аввал сарбози қатории гвардия Алишер Тимировро, (ӯзбекзабон, сокини ноҳияи Турсунзода, ки моҳи ноябри 2008 тибқи мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбӣ даъват шудааст, аз рӯи маълумотҳои Насимов), гӯё дар қисми ҳарбии 051052 хизмат мекардааст, пурсон шудем. Бе натиҷа. Пас аз ин маълумотҳои омории ду соли охирро дар тамоми Гвардияи миллӣ дида баромадем. Чунин сарбоз хизмат накардааст. Дар ҳолате, ки қобилияти дарк кардани шакли сохтор ва роҳбарияти онро надорем, хоҳишмандем, муроҷиат кунед. Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи баҳисобгирии оморӣ намояндагони зиёда аз 6 миллат, аз ҷумла тоҷик, ӯзбек, рус, қирғиз, қазоқ, туркман ва дигар халқиятҳо хизмат мекунанд. Аз ҳисоби умумии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ зиёда аз 600 нафарро ӯзбекзабонҳо ташкил медиҳанд. Танҳо дар як қисми ҳарбии Гвардия як сардори ситод, ду командири баталён, ду командири рота ва бистуяк нафар сержант ӯзбекзабонанд. То имрӯз дар байни онҳо нофаҳмӣ ва ё таҳқир нисбати намояндаи миллати дигар ба қайд гирифта нашудааст. Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва кайҳо аз сатҳи чунин ҷудокарданҳо, ки хоси қабилаҳо аст, баромадаем. Кам нестандхизматчиёни ҳарбии ӯзбекзабон, ки дар вазифаҳои муайян дар сафҳои Гвардияи миллӣ адои хизмат кардаанд ва мекунанд. Хизмати аксарияти онҳо бо ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шудааст. «Ҷаноби» Насимов овардаанд, ки аз авали сол то имрӯз, яъне дар шаш моҳи авали соли ҷорӣ дар Гвардияи миллӣ се ҳолати худкӯшӣ ва 10 ҳолати худсарона тарк кардани ҷойи хизмат ба қайд гирифта шудааст, ки 6 нафарашон ӯзбекзабонанд. Далел куҷост?! Дар ҳолате, ки ба суханони куча гуш додед, чаро факту рақамҳоро аз сохторҳои назораткунанда пурсон нашудед? Ба маълумоти туҳматкунанда Насимов мерасонем, ки дар Гвардияи миллИ ягон ҳолати худкушии сарбоз ба қайд гирифта нашудааст ва дар таърихи фаъолияти он ин шумора ҳеҷ гоҳ, ба хусус ӯзбекзабонҳо, фирор накардаанд. Чунин ҳазёну сафсаттаҳо дар навиштаҳои «қаҳрамони» мо хеле зиёданд. Ҷаноби туҳматнигор тамоми кудурат ва ғаразҳои фармоишгирифтаи худро ба воситаи хизматчиёни ҳарби баён кардааст. Бо хондани мақола, агар чунин гуфтан мумкин бошад, бахусус дар калимаҳои ориёии бовиқор ва баргузида дуди нафрати муаллифро ҳис кардан мумкин аст. Мо боа сл ва гузаштагони худ ифтихор дорем, вале ҳеҷ гоҳ ба иззати нафсати миллати дигаре намерасем. Дар давлате, ки қариб 1,5 миллион нафар аҳолиаш бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд, қариб оилае нест, ки бо ҳамдигар робитаи хешу таборӣ надошта бошанд, чӣ тавр метавонад ин қадар зулму ситам ва бедодгарӣ ҷой дошта бошад?! Агар бо чашми хирад нигаред, пай бурдан душвор нест, ки дар ҳар як ноҳияи Тоҷикистон якчанд мактаб ва ё ҳатман гурӯҳои ӯзбекӣ фаъолият доранд. 26 июни соли ҷорӣ бошад дар арафаи Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як мактаб барои ӯзбекзабонҳо дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд кушода шуд. Пӯшида нест, ки ин ду давлати ҳамсоя аъзои созмонҳои гуногуни ҷаҳонианд ва бо сиёсати сулҳҷуёнаву хирадмандонаи худ ба муқобили ҳама гунна зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ мубориза мебаранд. Сарфи назар аз миллату мазҳаб мо ҳама тоҷикистонӣ ҳастем ва барои пешрафту шукуфоии Ватан худ талош дорем. Чунин «дастур»-ҳо ҳушдор месозанд, ки сарфи назар аз вазифа ва самти фаъолияти дурбину боандеша бошем. Мӯҳтарам Насимов, агар шумо мактаби тӯҳматнигориро хатм карда бошед, мо аз қонун ва қоидаҳои рӯзноманигорӣ огаҳем. Лейтенанти калони гвардия Х.Комилова Сардори хадамоти матбуоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






