ДУШАНБЕ СОҲИБИ ТЕХНИКАИ НАВИ КОММУНАЛӢ МЕГАРДАД

Июль 15, 2009 12:04

              Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев байни мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе ва ҶСШК «Заводи истеҳсоли машинаҳои коммуналии Мтсенский»-и Федератсияи Русия қарордод ба имзо расид. Мувофиқи он ба маблағи 11 миллиону 532 ҳазору 771 сомонӣ 48 адад воситаҳои нақлиёти коммуналӣ ва 24 адад контейнерҳо харида мешавад.             Тибқи қарордод ҷамъияти мазкур муваззаф гардидааст, ки то нимаи аввали моҳи ноябр интиқоли техникаи коммуналиро ба Душанбе таъмин намояд.              Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ҶСШК «Заводи истеҳсоли машинаҳои коммуналии Мтсенский»-и Русия дар тендери эълоннамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 29 майи соли равон ҷиҳати харидории воситаҳои нақлиёти коммуналӣ ғолиб дониста шуда буд.            Бояд тазаккур дод, ки ин тадбир новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявӣ, имкон фароҳам меорад, то сатҳу сифати хизматрасонии коммуналӣ дар пойтахт беҳтар гардонида шавад.

Июль 15, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд