Э. РАҲМОН:-«РУШДИ ИҚТИСОДӢ ОМИЛИ СУБОТИ АФҒОНИСТОН АСТ»
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба шаҳри Душанбе баҳри анҷом додани мулоқотҳои дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба бо сарони Тоҷикистону Покистону Русия ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунчанбаи Тоҷикситону Афғонистон баррасӣ шуд. Сарони ду давлат аз пайвастагӣ ва мазмуну муҳтавои робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамгироиҳои амниятии сохторҳои дахлдори ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд. Сӯҳбати сарони Тоҷикистону Афғонистон нахуст дар мулоқоти як ба як сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷараён гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки интихоботи пешомади Раиси ҷумҳури Афғонистон ва натиҷаҳои он ба таҳкими минбаъдаи амнияту субот ва рушди иқтисодиёти ин кишвари азияткашида мусоидат мекунад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ роҳи асосӣ ва бешубҳаи таҳкими субот дар Афғонистон аст. Аз ин хотир, сарони ду давлат ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо фарогирии тамоми кишварҳои манфиатдори минтақа омодагии худро таъкид намуданд. Сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ ба манзури болобарии иқтидори содиротӣ ва транзитии ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон маънидод гардид. Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо миёни Точикистону Афғонистон якчанд санади нави ҳамкорӣ низ ба имзо расид: Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ аз 27 — уми апрели соли 2005; Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва чорводории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ баҳри гузарондани чорабиниҳои зидди малах ва ҳашароти зараррасони дигари махсус хавфнок ва касалиҳои растанӣ; Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ПРезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






