ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМО ДАР ЭРОН
Теҳрон, 16 июл. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Рӯзи чоршанбе ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавонавардии Эрон, ки аз Теҳрон ба Ереван парвоз мекард, дар ҳаво ба фалокат дучор гардид. Ҳавопаймо 153 мусофир дошт, сарнишинони он 15 нафар буданд. Дар натиҷаи фалокат ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо ҳалок шуданд. Аксарияти мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони Эрону Арманистон ва Гурҷистон мебошанд. Ба қавли шоҳидон, фалокат баъди 16 дақиқаи парвози ҳавопаймо аз майдони ҳавоии байналхалқии Теҳрон ба фалокат дучор шуд. Хабар дода мешавад, ки ҳавопаймо дар ҳудуди вилояти Қазвин ба киштзори гандум афтода, оташ гирифтааст. Дар маҳалли фалокат сӯхторхомӯшкунандагон ва наҷотдиҳандагон кор мекунанд. Дастгоҳи сабти овози ҳавопаймо то ҳол ёфт нашудааст. Дар маҳалли сарнагун шудани ҳавопаймо асбобу анҷоми мусофирон ва қисмҳои ҷасади онҳо ёфт шуд. Сабаби ба фалокат дучор гардидани ҳавопаймо маълум нест. Ҳаминаш маълум аст, ки яке аз сарнишинони ҳавопаймо баъди чанд дақиқаи парвози он дар бораи носозиҳои техникӣ хабар додааст. Сарнишинон мехостанд, ҳавопайморо ба замин фуруд оранд, вале ин ба онҳо муяссар нагардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






