ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМО ДАР ЭРОН

Июль 25, 2009 12:12

                  Теҳрон, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Лента.ру).- Дар қисмати шимолу шарқии Эрон як ҳавопаймои мусофирбар ба фалокат дучор шуд. Аз ҷумлаи мусофирони он 17 кас ҳалок ва 19 нафар маҷрӯҳ шуд. Аз рӯи хабари дигар дар натиҷаи ин фалокат 30 нафар ҳалок шудааст. Ҳавопаймо умуман 153 мусофир дошт.                  Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки ҳавопаймо аз Теҳрон ба Машҳад парвоз мекард. Ҳавопаймо зимни фуруд омаданаш ба майдони ҳавоии Машҳад аз хатти нишаст баромада рафт ва оташ гирифт.                   Хабар дода мешавад, ки ҳавопаймои мазкур ИЛ-62 буда аз ширкати ҳавоии Қазоқистон ба иҷораи дарозмуддат гирифта шудааст. Онро сарнишинони қазоқ идора мекарданд. Аз рӯи хабарҳои расида ҳамаи сарнишинони ҳавопаймо ҳалок шудаанд.                   Ёдовар мешавем, ки тақрибан як ҳафта пеш ҳавопаймои дигари мусофирбари Эрон зимни парвоз аз Теҳрон ба Ереван дар ҳудуди вилояти Қазвин ба фалокат дучор шуд. Дар натиҷа ҳамаи мусофирони он ҳалок шуданд.                   Воситаҳои ахбори оммавӣ боз дар бораи як фалокати дигари ҳавопаймо хабар доданд. Дирӯз ҳавопаймои ширкати «Аэрофлот»-и Русия зимни фуруд омаданаш ба майдони ҳавоии «Шереметево» оташ гирифт. Ҳавопаймои мазкур аз шаҳри Ханой ба Маскав парвоз мекард. Мусофирони он осеб надидаанд.

Июль 25, 2009 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд