ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМО ДАР ЭРОН
Теҳрон, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Лента.ру).- Дар қисмати шимолу шарқии Эрон як ҳавопаймои мусофирбар ба фалокат дучор шуд. Аз ҷумлаи мусофирони он 17 кас ҳалок ва 19 нафар маҷрӯҳ шуд. Аз рӯи хабари дигар дар натиҷаи ин фалокат 30 нафар ҳалок шудааст. Ҳавопаймо умуман 153 мусофир дошт. Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки ҳавопаймо аз Теҳрон ба Машҳад парвоз мекард. Ҳавопаймо зимни фуруд омаданаш ба майдони ҳавоии Машҳад аз хатти нишаст баромада рафт ва оташ гирифт. Хабар дода мешавад, ки ҳавопаймои мазкур ИЛ-62 буда аз ширкати ҳавоии Қазоқистон ба иҷораи дарозмуддат гирифта шудааст. Онро сарнишинони қазоқ идора мекарданд. Аз рӯи хабарҳои расида ҳамаи сарнишинони ҳавопаймо ҳалок шудаанд. Ёдовар мешавем, ки тақрибан як ҳафта пеш ҳавопаймои дигари мусофирбари Эрон зимни парвоз аз Теҳрон ба Ереван дар ҳудуди вилояти Қазвин ба фалокат дучор шуд. Дар натиҷа ҳамаи мусофирони он ҳалок шуданд. Воситаҳои ахбори оммавӣ боз дар бораи як фалокати дигари ҳавопаймо хабар доданд. Дирӯз ҳавопаймои ширкати «Аэрофлот»-и Русия зимни фуруд омаданаш ба майдони ҳавоии «Шереметево» оташ гирифт. Ҳавопаймои мазкур аз шаҳри Ханой ба Маскав парвоз мекард. Мусофирони он осеб надидаанд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






