ФАЛОКАТИ ЧАРХБОЛИ НИЗОМӢ ДАР НАЗДИКИИ ТОШКАНД

Июль 24, 2009 14:31

                 Тошканд, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лента.ру).- Чархболи МИ-24, ки ба Қуваҳои ҳарбии ҳавоии Ўзбекистон тааллуқ дошт, 23 июл дар минтақаи майдони ҳавоии Чирчиқ, тақрибан 30 километр дуртар аз Тошканд зимни машқи ҳовоӣ ба фалокат дучор гардида, ба замин афтод. Аз рӯи хабари дафтари матбуоти вазорати мудофиаи Ўзбекистон, дар натиҷаи ин фалокат ду нафар ҳалок шуд. Дар бораи сарнишинони дигари чархбол маълумот дода нашудааст.                 Сабаби ба фалокат дучор гардидани чархбол маълум нест. Барои муайян намудани сабаби фалокат комиссияи махсус ташкил карда шуд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин дар давоми соли 2009 дафъаи чоруми ба фалокат дучор гардидани чархболҳои МИ-24 мебошад. 3 феврал дар вилояти Саратов чархболи низомии Русия бо сабаби носозии техникӣ ба замин сарнагун шуда буд, 28 феврал чунин чархбол дар қаламрави Лаҳистон ба фалокат дучор гардид, 26 июн чархболи Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Қазоқистон дар фазои вилояти Алма-ато ба фалокат дучор шуд.

Июль 24, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд