ФАЪОЛИЯТИ «ҶУМЪАБОЗОР» БАРҚАРОР ШУД

Июль 28, 2009 10:26

               Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Восеъ Ш. Зоиров «Ҷумъабозор» — и деҳаи Қубоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳия баъди таъмиру батартибории дӯконҳои савдо аз нав ба кор оғоз кард.                Алҳол дар «Ҷумъабозор» — и деҳаи Қубоншаҳид, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз нав таъмиру таҷдид карда шудааст, барои ҳамаи соҳибкорон ҷои фурӯш ва шароити мувофиқ муҳайё карда шудааст. Баъди таҷдид харидорон чизи заруриашонро аз секторҳои он, ки ба лавҳаҳои хеле зебою хоно навишта шудаанд, ба осонӣ пайдо карда метавонанд. Ин тарзи ба шӯъбаю секторҳо ҷудо намудани растаҳои савдо барои мардум хеле писанд аст.                 Дар сектори маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, маҳсулоти гӯшту шир лабораторияи озмоишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он барои пешгирии ҳамагуна бемориҳо мусоидат мекунад.                 Маҳсулоти кишоварзии «Ҷумъабозор» — и Қурбоншаҳид дар минтақаи Кӯлоб арзонтарин маҳсулот ҳисобида мешавад.

Июль 28, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд